Шўрои парасторон

Махкамова Гулбахор – Раиси Шурои Парасторон


Маҳкамова Гулбаҳор дорои таҷрибаи касбии 25 сола дар самти сафарбаркунии ҷомеа ва рушди иҷтимоӣ бо тамаркуз ба ҷавонон, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва тавонмандсозии занон мебошад. Асосгузор, директори генералӣ ва сипас раиси Раёсати Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон, яке аз аввалин ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки зиёда аз 3500 занони соҳибкорро муттаҳид менамояд. У зиёда аз 20 сол таҷрибаи амалӣ дар соҳаи баланд бардоштани иқтидор дар муассисаҳои молиявӣ ва корхонаҳои хурду миёна, инчунин дар соҳаи банақшагирии стратегӣ ва тиҷорат, фурӯш ва маркетинг, идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ, ҷалби сармоягузорон, риоя ва идоракунии корпоративӣ дорад. ​ Махкамова хатмкардаи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд буда, ихтисоси молия ва кори бонкиро бо дипломи аъло хатм намудааст, инчунин у хатмкардаи барномаи омӯзишии байналмиллалии “Пешвоӣ дар пешбурди манфиатҳои рушди устувор” ва Барномаи минтақавии мубодилаи ACCESS дар Донишкадаи Гарримани Донишгоҳи Колумбияи ИМА мебошад. У иштирокчии бисёр тренингу конфронсҳои касбӣ мебошад, аз ҷумлаи: “Занҳо ва рушди устувор” (LEAD International, Москав); “Занҳо ва ҳаёти иҷтимоӣ” (OSCE); “Банақшагирии тиҷоратӣ ва тарҳрезии молиявӣ” (аз ҷониби Маркази маблағгузории хурди Полша, Тбилиси, Гурҷистон); ва “Семинар оиди баҳодиҳии таъсиргузорӣ ба мизоҷ” аз ҷониби Шабакаи SEEP (Вашингтон, ИМА) ва ғайра. Илова бар ин, Махкамова соҳиби унвони номзади илми таърих буда, беш аз даҳ адад мақолаҳои илмӣ ба нашр расонидааст. Махкамова занони соҳибкорро низ ҳамаҷиҳата дастгирӣ менамояд ва барои пешрафти онҳо кӯмак мерасонад. Ӯ Раиси Раёсати Ассотсиатсияи Миллии Занони Соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) мебошад, ки ташкилоти мазкур занони соҳибкорро дастгирӣ намуда, барои занон, хусусан занҳои меҳнатие, ки аз табакаи камбизоати ҷомеа мебошанд,​ машваратҳои касбӣ ва семинарҳо мегузаронад.


Махмудова Фируза– Аъзои Шурои Парасторон


Фируза Маҳмудова дорои таҷрибаи касбии беш аз бист сола дар ташкилотҳои гуногуни Тоҷикистон мебошад. У хатмкардаи Донишгохи давлатии хукук бизнес ва сиёсати Тоҷикистон буда, соли 2011 пас аз хатми донишгох ба Аспирантура дохил шудааст. У соҳиби унвони илмии “Номзади илмҳои иқтисодӣ” мебошад. Аз соли 2010 то инҷониб дар Ассотсиатсияи Миллии Занони Соҳибкори Тоҷикистон кору фаъолият мебарад. Тақрибан 5 сол ба сифати Комиссияи ревизионии “ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ” фаъолият намудааст. Соли 2018 ҳамчун аъзои Шурои Парасторони ФҚХ “ИМОН” интихоб гардидааст. Ба ғайр аз фаъолияти касбӣ, Махмудова Фируза бо кори илмӣ низ машғул буда, муаллифи беш аз 10 мақолаҳои илмӣ ва рохбари илмии чандин унвонҷӯёни ҷавон низ мебошад.


Ллойд Маккормик – Аъзои Шурои Парасторон


Ллойд Маккормик дорои беш аз бистсола таҷрибаи касбӣ дар таҳияи лоихахои рушди байналмиллалӣ ва татбики он аз чиҳати рушди иктисоди ва чавонон буда, дар соҳаи рушди барномаи маблағгузории хурд низ таҷрибаи баланд дорад. У соҳиби саводи баланди касбӣ дар идоракунии тиҷорат дар сохаи хусусӣ низ мебошад, ки вазифаҳои қабули қарорҳо ва назорати соҳаҳои маркетинг, захираҳои меҳнатӣ, молия, назорати сифат, занҷири истеҳсолот, харид ва хизматрасонии мизоҷонро дар бар мегирад. У дорои унвони илмӣ дар соҳаи “Менеҷмент ва Идоракунии тиҷорат”-и Донишгоҳи Колорадори Шимолӣ мебошад. Бояд қайд намуд, ки Ллойд Маккормик дар бунёд ва рушди нахустин ташкилотхои маблағгузории хурд дар Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст.


Аюбҷон Юсупов – Аъзои Шурои Парасторон


Аюбҷон Юсупов (доктори илмҳои фалсафа) айни замон дар вазифаи дотсенти кафедраи Иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва мутахассиси Департаменти байналмиллалии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорат ва савдои Тоҷикистон фаъолият бурда, аз фанҳои Иктисодиёт ва Математика барои курсҳои бакалавриат ва магистра бо забони хориҷӣ таҳсил медиҳад. Департаменти давлатии ИМА Аюбҷон Юсуповро аз руи Барномаи минтақавии мубодилаи стипендиатон (RSEP) Бюрои таҳсилотӣ ва корҳои маданиятии ИМА (ECA) ҳамчун хатмкардаи тоҷик​ ба сифати аъзои Беҳтарин Донишҷуи Давлатии мох дар соли 2011 интихоб намудааст. Юсупов барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии иқтисод ва тиҷорат барномаи таълимии инноватсиониро таҳия намудааст.​ Айни ҳол донишҷӯёни донишгоҳи мазкур курси динамикии иқтисодиро ба забони англисӣ гузашта истодаанд, ки он барои рушди минбаъдаи онҳо ва мусаллаҳ будан бо донишу малакаи мукамммал барои хамкории оянда бо ИМА ва дигар давлатҳои хориҷӣ имконияти васеъ медиҳад. У инчунин барномаи байналмиллалии рушди соҳибкориро дар байни ҷавонон “Комёбиҳои ҷавонон” дар Тоҷикистон татбиқ намудааст ва барои омодагӣ ба кор ва баланд бардоштани саводи молиявии ҷавонон дар ҳамаи минтақаҳои кишвар фаъолият мебарад. Бо дастгирӣ ва маблағгузорӣ аз ҷониби Оҷонсии ИМА оиди рушти байналмиллалӣ, Ташкилот оиди бехатарӣ ва ҳамкории Аврупо, Ҳайати Шафқат, Фонди Евраазия ва Бонки Ҷаҳонӣ ӯ дар 250 мактабу муассисаҳои таълимии Тоҷикистон барномаи “Комёбиҳои ҷавонон” ро татбиқ ва амалӣ намудааст. Илова бар ин, у аз тарафи ​ гуруҳи Бонки Ҷахони дар Точикистон (соли 2015) барои кушодани бизнес-инкубатор дар вилояти Хатлон бо дастгирии стартапҳо, хусусан ҷавонони ҳарду ҷинс, муҳоҷирони баргашта ва шахсони маъюб ҳамчун машваратчии барномаи мазкур ҷалб карда шудааст.


Илҳом Ғуломҷонов – аъзои Шӯрои Парасторон


Илҳом Ғуломҷонов яке аз нахустин муассисони ташкилоти ғайридавлатӣ дар шаҳри Хуҷанд ба шумор меравад ва таҷрибаи зиёди корӣ дар ташкилотҳои байналмиллалиро дорад. Бо дастгирии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои байналмиллалӣ бо давлатҳои Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон чандин лоиҳаҳои соҳаи хоҷагии қишлоқ ва рушди иқтисодиро дар водии Фарғона идора кардааст.​ У хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров буда, номзади илмҳои забоншиносӣ мебошад. Илҳом фаъолияти меҳнатии худро соли 1995 дар факултаи забонҳои хориҷии донишгоҳи мазкур ба ҳайси омӯзгор оғоз намудааст. Соли 1996 Илҳом яке аз муассисони ташкилоти ғайридавлатии “Иттифоқ” гардид ва дар он ба сифати директори иҷроия ва роҳбари лоиҳаҳо оиди дастгирии ҷавонон фаъолият бурдааст. Аз соли 1998 то инҷониб Илҳом Ғуломҷонов дар ташкилоти ғайридавлатии фаронсавии “АКТЕД” ҳамчун роҳбари филиали ташкилоти мазкур дар вилояти Суғд фаъолият мебарад. Дар доираи фаъолияти имрузааш, Илҳом бо чандин муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии ҶТ, Узбекистон ва Қирғизистон ҳамкорӣ намуда, якчанд лоиҳаҳои соҳаи рушди қишлоқ ва рушди иқтисодиётро дар водии Фарғона роҳбарӣ намудааст. Инҷунин, Илҳом якчанд лоиҳаҳои дастгирии деҳотро тариқи барномаи маблағгузории хурд роҳбарӣ намуда, яке аз ташкилотҳои қарзии хурди маҳаллӣ “Маблағгузорӣ ва рушди деҳот”-ро идора намудааст. Дар соли 2008 ба сифати аъзои Шӯрои директорони “OXUS Microfinance” дар Қирғизистон интихоб гардидааст. Соли 2008 Илҳом директори филиали ташкилоти “АКТЕД” дар вилояти Суғд таъин гардидааст. Ҳамчун роҳбари лоиҳа дар АКТЕД Илҳом кушиш менамояд, ки маблағгузории хурдро ҳамчун омили рушд дар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ бо мақсади муттаҳид намудани имкониятҳо барои талаботҳои гуманитарӣ бо назардошти таҷрибаҳои мавҷуда якҷоя намояд. Солҳои охир дар доираи лоиҳаи маблағгузории ИА Илҳом муколама байни ТМХ дар Қирғизистонро тавассути Ассотсиатсияи Ташкилотҳои маблағгузории хурд дар Қирғизстон ташаббус намудааст. Чунин равандро дар ҶТ низ байни ташкилотҳои хурди молиявӣ бо ҳамкорӣ бо АМФОТ ба роҳ мондааст.


Мақсудӣ Анвар Темурзода – аъзои Шӯрои Парасторон


Мақсудӣ Анвар Темурзода – олим, номзади илмҳои физикаву математика, дотсент, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 3 марти соли 1964 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1984 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.​ И.​ Ленин дохил шуда, онро соли 1989 бо ихтисоси физика ва математика ба итмом расонида, соҳиби дипломи аъло гардидааст. Фаъолияти меҳнатии худро соли 1989 аз лаборанти калони кафедраи физикаи Донишкадаи педагогии Ленинобод оғоз намуда, дертар сармуаллими кафедраи физикаи назариявии донишгоҳи мазкур фаъолияти кори худро ба роҳ мондааст. Аз соли 1993 то 1996 ба ҳайси сардори шуъбаи таълим ва илм, омӯзгори калон, декани факултет, иҷрокунандаи вазифаи директори Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз соли 2010 то соли 2014 дар вазифаи директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар ш. Хуҷанд кор кардааст. Оиладор, соҳиби ду фарзанд. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №​ 675 аз 31 октябри 2014 Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъин гардидааст ва соли 2017 аз мансаби номбурда озод шудааст. Аз моҳи майи соли 2017 инҷониб дар вазифаи Директори маркази илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд фаъолият мебарад. Мақсудов соли 1992 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Баъзе масъалаҳо дар татқиқоти моделҳои магнитӣ» дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дифоъ намудааст. Номбурда, муаллифи бештар аз 75 мақолаи илмӣ, 1 монография, 29 шаҳодатномаи зеҳнӣ, 5 дастури методӣ, ҳамзамон роҳбари 9 лоиҳаи байналхалқӣ дар айни ҳол мебошад. Дар сохтан ва роҳбарии системаи иттилоотии идораи донишкадаи дар боло зикргардида саҳмгузор шуда, ҳамчунин сарварии лоиҳаи зиёда аз 53 китоби электронӣ мебошад. Барои таҳия ва корбасти барномаҳо дар системаи технологияи иттилоотии донишкада ва муратабии нақшаи таълимӣ барои технологияи кредитӣ саҳми беандоза дорад. Бо медали «Хизмати шоиста» (2011), «Медали Шараф», дараҷаи II -и Комиссияи умумиирассиягӣ дар мубориза бо коррупсия (2014), нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон ва якчанд Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Вазорати саноат ва энергетикаи ҶТ, Раиси вилояти Суғд қадршиносӣ шудааст.