Фонд «ИМОН» дар дохили дастаи худ муносибатҳои хушбинонаро ба роҳ мондааст, ки он ба ошкорбаёнӣ ва эҳтироми тарафайн асос ёфтааст. Фонд бо мактабҳои олӣ, ташкилотҳои ҷавонон ҳамкорӣ менамояд ва кушиш менамояд, ки кормандони дорои донишу малакаи баланди касбиро ҷалб намояд.
Дар Фонд бо ҷалби захираҳои дохилӣ ва ширкатҳои таъминкунандаи берунӣ омӯзиши кормандон ба самтҳои зерин гузаронида мешавад: технологияҳои иттилоотӣ, молия, баҳисобгирии муҳосибӣ, идоракунии лоиҳаҳо, идоракунии хавфҳо, идоракунии захираҳои меҳнатӣ, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, маркетинг, менеҷмент ва ташаккули шахсӣ.
Муносибати шаффоф ва объективӣ ба кормандон, ғамхорӣ нисбати кормандон ва ба онҳо пешниҳод намудани кафолатҳои иҷтимоӣ асоси масъулияти мо дар назди кормандонро ташкил медиҳад.