Тақвият додани фарогирии молиявӣ, яъне васеъкунии дастрасӣ ба қарзҳои хурд барои ҳамаи табақаҳои аҳолӣ мебошад. Дар баробари ин, зери мафҳуми "фарогирӣ" мо афзоиши ҷалби шаҳрвандони мамлакат дар таъмини рушди низоми иқтисодии он ва коҳиш додани нобаробарӣ ҳангоми тақсимоти натиҷаҳои фаъолияти иқтисодиёти миллиро дарк мекунем.
Фонд дар сиёсати қарзии худ оиди пешниҳоди қарзи манзил (ипотека) афзалиятро ба кормандони бахши буҷавӣ медиҳад. Ба кормандони буҷавӣ, мо шахсонеро дохил мекунем, ки дар муассисаҳо ва сохторҳои гуногуне кор мекунанд, ки тобеияти давлатӣ доранд, аз қабили омузгорон, духтурон, кормандони иҷтимоӣ.