Иномҷонова Дилрабо яке аз беҳтарин мизоҷони Фонди "ИМОН" ба ҳисоб меравад. Беш аз 10 сол инҷониб Дилрабо бо ороиши туйу маъракаҳо машғул буда, хурсандии мардумро дучанд мегардонад.

Дилрабо соҳиби 3 фарзанд мебошад. Бори аввал идеяи ороиши маъракаҳо ба Дилрабо вақте ки туйи писар дошт омад. Меҳмонон даъват шуда буданд, вале Дилрабо чунин серкор буд, ки натавонист орзуи худро амалӣ гардонад. Ҳамон айём тасмим гирифт, ки Оҷонсие ташкил намояд, ки чорабиниҳои мардумро ташкил ва оро диҳад.

Имрӯз Оҷонсии Аниса яке аз пешқадамтарин оҷонсии ороишоти тӯйу маърака ва чорабиниҳо мебошад.