Абдуллозода Диловархон - зани кордон ва бо ояндаи дурахшон мебошад. Вай яке аз мизоҷони содиқ ва муваффақи Фонди “ИМОН” аст. Диловархон на танҳо соҳибкори бомуваффақият, балки зану модари хуб ҳам мебошад.

Дар моҳи март бахшида ба ҷашнҳои Баҳору Наврӯз, толори «Burda Service»-и ӯ васеъ шуда, хизматрасониҳои иловагӣ барои бонувони зебо, аз қабили массажи рӯйу бадан ва косметологӣ пайдо шуданд, ки аз ҷониби кормандони соҳибихтисос ва дорои сертификат пешниҳод карда мешаванд.

Акнун хонумҳо метавонанд на танҳо худро дар намуди ҷисмонӣ, зоҳирӣ ороиш диҳанд ва либосҳои замонавӣ интихоб кунанд, балки инчунин метавонанд дар қаҳвахона шириниҳои болаззат ва қаҳваи табииро чашида, мунтазири навбати худ шаванд.