Мизоҷони мӯҳтарами Фонди қарзии хурди «ИМОН»!

Ҳангоми қабули қарор оиди гирифтани қарз, шартҳои қарз омӯзед ва маълумоти зайлро аниқ кунед:

  • Меъёри фоизии қарз
  • Маблағи қарзи пешниҳодшаванда
  • Мӯҳлати қарз
  • Комиссия ва дигар хароҷотҳо
  • Тартиб ва усулҳои пардохти қарз
  • Оё имконияти пеш аз мӯҳлат пардохт кардани қарз ҷой дорад
  • Намудҳо ва ҳаҷмҳои ҷаримаҳо, ки бо шартномаи қарзӣ пешбинӣ шудаанд

Дар хотир доред:

Шартномаи қарзӣ - ин ҳуҷҷати ҳуқуқӣ мебошад, бинобар ин ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳои худро чуқур омӯзед. Бо мафҳумҳои молиявӣ шинос шавед. Махфият оиди шартҳо ва маблағҳои қарзро нигоҳ доред. Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумот фаҳмо аст, ва аз савол додан хиҷолат накашед.

Ҳамаи пардохтҳо бо воситаи хазинаҳо ё замимаи мобилии Фонди "ИМОН", бо воситаи терминалҳои пардохтӣ, хазинаҳо ва дигар шабакаҳои ташкилотҳои қарзии ҶТ, ки бо онҳо ФҚХ "ИМОН" созишномаи ҳамкорӣ дорад, инҳо: ҶСК "Бонки Эсхата", ТАҚХ ҶСП "Имон Интернешнл", БДА "Амонатбонк", ҶСП "Бонки аввалини молиявӣ" ва ғ.

Ба кормандони ташкилот додани (мондани) воситаҳои пулӣ мумкин нест. Сиёсати ФҚХ "ИМОН" ба кормандон аз мизоҷон ба қарз гирифтани воситаҳои пулӣ ва дигар неъматҳои моддӣ ва хизматрасониҳоро манъ кардааст.

ФҚХ «ИМОН» хизматрасониҳои худро бе миёнравҳо пешниҳод мекунад. Шахсоне, ки ба ивази подоши муайян барасмият даровардани қарзро пешниҳод мекунанд, ягон алоқамандӣ бо ташкилоти мо надоранд.

Ба кормандони ФҚХ "ИМОН" пешниҳод намудани подош барои гирифтани қарз ва беҳтар кардани шартҳои он лозим нест: ҳамаи шартҳои маҳсулотҳо тасдиқ карда шудаанд, ва қарор оиди пешноҳоди қарзи хурд аз тарафи кумитаи қарзии Фонд қабул карда мешавад. Агар корманди ФҚХ «ИМОН» худаш подошпулиро барои хизматҳояш талаб кунад, фавран ба роҳбарияти Фонд бо телефони 992 (92) 822-23-53 муроҷиат кунед.

Ба масъалаи гирифтани қарзи хурд бе саросемагӣ ва бо масъулият рафтор намоед. Ҳеҷ кас наметавонад шуморо ба гирифтани қарз ба манфиати шахси дигар маҷбур созад, бинобар ин ба суханҳои шиносҳо ва дустонатон оиди ба ҷои онҳо гирифтани қарз гуш надиҳед. Дар хотир доред: ҷавобгарӣ барои иҷроиши уҳдадориҳои қарзиро шахсе мебарад, ки қарз ба номи у барасмият дароварда шудааст. Ва агар қарз ба номи шумо ба расмият дароварда шуда бошад, шумо исбот карда наметавонед, ки қарз барои шахси дигар пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, дар шартномаҳои қарзӣ ҳамчун зомин баромад накунед, агар қарзгирро нағз нашиносед ва/ё ба имконияти молиявии у шубҳа дошта бошед.

Ҳангоми гирифтани қарз, маблағҳоро аз хазина дур нашуда ҳисоб кардан зарур аст, ё беҳтараш маблағҳоро ба таври ғайринақди ба суратҳисоби худ дар дилхоҳ ташкилоти қарзии ҶТ гирифтан лозим аст.