Фонди «ИМОН» калонтарин фонди қарзии хурд (ФҚХ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) дар бахши пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ, аз ҷумла пешниҳоди қарзҳои хурд, иҷораи молиявӣ, бонкдории исломӣ, машварати молиявӣ барои тамоми соҳаҳои тиҷоратӣ ба шумор меравад.

Фонди «ИМОН» 23 ноябри соли 2004 дар Вазорати адлияи ҶТ ба қайд гирифта шуда, дар доираи қонуни ҶТ "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд" аз 16 апрели соли 2012 ҳамчун ташкилоти қарзии хурд эътироф шудааст ва дар асоси шаҳодатномаи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз 14 декабри соли 2012 фаъолият менамояд.

Фонди "ИМОН" фаъолияти худро ба бунёди муносибатҳои дарозмуддати шарикӣ бо мизоҷони худ равона кардааст, ки он ба боварии тарафайн, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром асос ёфтааст. Бо пешниҳоди хизматрасониҳои васеи молиявӣ, Фонд ба рушди иқтисодиёт ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми тамоми минтақаҳои Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Аз лаҳзаи таъсисёбии худ Фонди «ИМОН» дар васеъкунии дастрасии қишри аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъоли аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, рушди соҳибкорӣ ва мустаҳкамкунии бахши маблағгузории хурд дар кишвар саҳми арзанда гузоштааст.



Соҳаҳои маблағгузорӣ

Фонди «ИМОН» ба мизоҷони худ намудҳои инфиродии қарзҳои хурдро барои намудҳои зерини фаъолият пешниҳод менамояд:

тиҷорат/савдо

полезкорӣ ва чорводорӣ

истеҳсоли молҳо

пешниҳоди хизматрасониҳо

ҳунармандӣ

қарзҳои истеъмолӣ



Лизинг (иҷораи молиявӣ)

Дар доираи маҳсулотҳои муайяншудаи лизингӣ Фонди «ИМОН» схемаҳои муосири лизингиро пешниҳод менамояд, ки бо ёрии он мизоҷон метавонанд маҳсулотҳои зеринро ба иҷора гиранд:

нақлиёт

таҷҳизот

амволи ғайриманқули тиҷоратӣ

техникаи хоҷагии қишлоқ

гармхонаҳои инноватсионӣ аз поликарбонат бо обёрии қатравӣ




Моҳи феврали соли 2020 Фонди «ИМОН» барои анҷом додани фаъолияти маблағгузории исломӣ иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро гирифт ва бо ин мақсад дар назди Фонд равзанаи исломӣ фаъолият менамояд.


Равзанаи исломӣ



Равзанаи исломӣ

Равзанаи исломӣ яке аз воситаҳои бонкдории исломӣ буда, намуди алтернативии хизматрасониҳои анъанавии молиявӣ ба шумор меравад, ки дар асоси Қонуни ҶТ "Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ" аз 26 июли соли 2014 ва санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Хусусияти асосии бонкдории исломӣ ин рад кардани фоизи қарзӣ, амалиётҳои дорои хавфи баланд, аҳдҳои номуайян, кор дар асоси принсипҳои шариат (меъёрҳои ҳуқуқии исломӣ) ба шумор меравад.

Дар ҳайати равзанаи исломии Фонди "ИМОН" кормандони пуртаҷриба ва босалоҳияти дорои маълумоти олӣ дар бахши иқтисодиёт ва маблағгузории исломӣ фаъолият менамоянд, ки пайваста дар рушди касбии худ корбарӣ намуда, дар конфронсҳо ва ва симпозиумҳои дохиливу байналмилалӣ оиди бонкдории исломӣ ширкат меварзанд.

Равзанаи исломии Фонди "ИМОН" фаъолона тамоми намуди хизматрасониҳоро дар бахши бонкдории исломӣ пешниҳод менамояд ва айни замон мизоҷони худро дар асоси маҳсулотҳои "Муробаҳа" ва "Иҷора" маблағгузорӣ намуда истодааст.

Маълумот дар бораи таъсис ва бақайдгирии давлатӣ