Фонд «ИМОН» дар дохили дастаи худ муносибатҳои хушбинонаро ба роҳ мондааст, ки он ба ошкорбаёнӣ ва эҳтироми тарафайн асос ёфтааст.
Лоиҳаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим ва фаъолияти эҳсонкорӣ бо Низомнома оиди эҳсонкорӣ, ки аз тарафи Шӯрои парасторони Фонд тасдиқ карда шудааст, танзим карда мешавад.
Фонди “ИМОН” 7 принсипи ҳимояи мизоҷонро, ки аз ҷониби ташкилоти “Smart Campaign” ташаббус шудааст, дастгирӣ ва риоя карда, сиёсати мустаҳкамкунӣ ва такмили онҳоро пеш мебарад.
Яке аз мақсадҳои асосии мо - ин тақвият додани фарогирии молиявӣ, яъне васеъкунии дастрасӣ ба қарзҳои хурд барои ҳамаи табақаҳои аҳолӣ мебошад.
Тибқи маълумотҳои Бонки миллии Тоҷикистон, ба пешравии умумӣ дар васеъкунии дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ нигоҳ накарда, фарқияти гендерӣ дар доштани ҳисобҳо дар солҳои охир, дар сатҳи 9% устувор гаштааст, дастрасӣ ба қарзҳо бошад - 7%.
Фонд ба таври доимӣ тадқиқотҳоро оиди таъсири иҷтимоии қарзҳои хурд баргузор мекунад, низоми нишондиҳандаҳоро барои ҳисоҳ ва таҳлил дар самтҳои зерин коркард мекунад.