Санаи 3 феврали соли ҷорӣ ҳамоиши "ПАЁМ РАХНАМОИ ЗАНОН БА ФАРДОИ НЕК" баргузор гардид, ки дар он Вакили Маҷлиси вакили вилоятӣ, занони соҳибкор, фаъолон, устодон, ва ҳунармандон иштирок варзиданд.

Tо Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи Ҳокимояти шаҳри Хуҷанд ва ФҚХ “ИМОН” барои дастгириии минбаъдаҳои занон дар соҳаҳои гуногун гузаронида шуд.

Директори ФҚХ “ИМОН” Пӯлотова Муяссар зимни баромади хеш оид ба саҳми занон дар соҳибкорӣ, баланд бардоштани савияи саводнокии молиявии онҳо ва пурзӯр кардани дониши иқтисодиии бонувон, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» суханронӣ карданд.