1999 — оғози барномаи қарзии хурди Асотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии ғайридавлатии "Ҳайати Шафқат" бо дастгирии молиявии барномаи Оҷонси ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID).
2004 — қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оиди ташкилотҳои маблағгузории хурд» ва таъсиси Фонди Қарзии Хурди «ИМОН».
2008 — таъсиси ташкилот тиҷоратии «ИМОН» дар асоси Фонди қарзии хурди «ИМОН», ки он дар соли 2012 ба ташкилоти амонатии қарзии хурди (ТАҚХ) «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» табдил дода шуд.
2012 — бо мақсади ҷалби сармоя бо саҳми на онқадар калони Асотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон, Фонди «ИМОН» саҳмдори асосии ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» мегардад.
2012-2017 — ҷалби маблағгузориҳо ба сармояи ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» ва ҳамроҳ гардидани саҳмдорони нав: Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР), Трипл ҷамп, Ассотсиатсияи менонитӣ оид ба рушди иқтисодӣ (МЕДА), Бонки рушди Ҳолланд (ФМO) ва ширкати «Микро Капитал».
2019 — гирифтани иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон барои таъсиси равзанаи исломӣ дар Фонд.
2021 — бо мақсади иҷрои талаботи дастурамали БМТ №239 «Дар бораи талаботи сармоягузории ташкилотҳои қарзӣ ба сармояи дигар шахсони ҳуқуқӣ» аз 6 декабри соли 2019 Фонди «ИМОН» аз ҳайати саҳмдорони ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» берун мешавад ва аҳди бемислро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди фурӯши бастаи асосии саҳмияҳо ба саҳмдорони ҷории ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» сарбаландона анҷом медиҳад.
2021 — қабули дурнамои нави Фонди Қарзии Хурди «ИМОН».