Оиди бонкдории исломӣ

Бонкдории исломӣ - шакли алтернативии хизматрасониҳои молиявӣ ба шумор рафта, хусусияти асосии он даст кашидан аз фоизи қарзӣ, амалиётҳо ва адҳои дорои хавфи баланд, кор тибқи принсипҳои меъёрии Шариат (ҳуқуқи исломӣ) мебошад. Он ба принсипҳои маънавӣ асос ёфтааст, ки моҳияти онҳо адолатнокӣ, шаффофият ва субот мебошад. Дар дунё миқдори сармоягузороне, ки ин принсипҳоро риоя мекунанд, беист афзоиш меёбад. Равзанаи исломии Фонди "ИМОН" фаъолона ҷорисозии ҳамаи намуди хизматрасониҳо дар бахши бонкдории исломӣ кор мекунад ва алҳол мизоҷони худро дар заминаи маҳсулотҳои "Муробаҳа" ва "Иҷора" маблағгузорӣ намуда истодааст. Мо мебинем, ки дар мамлакати мо талаботи зиёд ба ин намуди маблағгузорӣ мавҷуд аст. Бонкдории исломӣ имконияти хеле хубро барои мустаҳкам намудани тавоноии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам меорад.

 

Маҳсулотҳои маблағгузорӣ

МУРОБАҲА

Мақсад: қонеъ намудани талаботи шахсони воқеӣ бо молҳои муайян тавассути анҷомдиҳии аҳдҳои савдои мол аз рӯи принсипҳои маблағгузории исломӣ мебошад.

Дар доираи маҳсулоти мазкур Ташкилот бо дархости муштарӣ молро мехарад, маблағи изофапулиро (фоидаро) ба арзиши мол ҳамроҳ намуда, молро ба муштарӣ мефурӯшад. Арзиши мол ва маблағи изофапулӣ ҳатман ба муштарӣ ошкор карда мешаванд.

Синну сол: Шахсони синнашон аз 20 то 61 сола

Манбаи даромад: Доштани манбаъи даромад (маош ё соҳибкорӣ);.

Мӯҳлати маблағгузорӣ : то се сол, вобаста ба намуди мол, дархост ва имконияти молиявии муштарӣ муайян карда мешавад.

Андозаи изофапулӣ : 10 фоиз дар як сол, аз арзиши мол;.

Ҳаҷми маблағгузорӣ : то 250 000 сомонӣ, вобаста ба имконияти молиявии муштарӣ муайян карда мешавад.

Тартиби пардохти маблағи мол: давра ба давра (ҳармоҳа).

Пешпардохт: то 50 фоизи арзиши мол, вобаста аз намуди мол ва фаъолияти муштарӣ талаб карда мешавад.

Таъминот: гарави моли харидашуда, замонат, ё гарави дигар амвол, вобаста аз ҳаҷми маблағгузорӣ ва эътимоднокии муштарӣ муайян карда мешавад.

Комиссия: барои баррасии дархост ва барасмиятдарории аҳди МУРОБАҲА ҳаққи хизмат ситонида намешавад.

ИҶОРА

Бо воситаи иҷораи исломӣ Шумо амволи заруриро ба даст меоред. Баъди анҷоми мӯҳлати иҷора ё дар давоми он Шумо метавонед арзиши амволро пардохт намуда, соҳибмулки он гардед.
Предмети ИҶОРА инҳо шуда метавонанд:

  • Манзили истиқоматӣ;
  • Воситаи нақлиёт.

Предмети иҷора ва фурӯшандаи онро муштарӣ интихоб мекунад.
Мӯҳлати иҷора вобаста ба арзиши амвол ва имконияти муштарӣ муайян карда мешавад:

  • Барои манзили истиқоматӣ – то 10 сол;
  • Барои нақлиёт, техника ва таҷҳизот – то 5 сол.

Маблағгузорӣ бо шартҳои имтиёзнок, риояи принсипҳои шаффофият ва адолат пешниҳод мегардад.

САЛОМ

Ба наздикӣ...