Муяссар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси «иқтисодчӣ» хатм намуда, дорои таҷрибаи 20 солаи корӣ ва соҳаи идоракунӣ дар ташкилотҳои бонкӣ ва молиявӣ мебошад. Муяссар таҷрибаи меҳнатии худро дар ФҚХ «ИМОН» ба сифати мутахассиси шуъбаи қарзӣ оғоз намудааст. Аз соли 2007 то соли 2017 дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» кор карда, кори дастаи калони кормандони пуртаҷрибаро идора намудааст. Дар моҳи июни соли 2018 ӯ ба вазифаи директори Фонди Қарзии Хурди «ИМОН» таъин гардида буд.
Муяссар дорои таҷрибаи васеъ дар кор бо лоиҳаҳо, расонидани ёрии техникӣ, инчунин идоракунии бахшҳои мураккаби амалиётӣ мебошад. Ӯ иштирокчии лоиҳаҳои калонҳаҷми сатҳи байналмилалӣ дар бахши маблағгузории хурд, пешсафӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва монанди инҳо ба шумор меравад. Муяссар - роҳбари пуртаҷриба буда, дорои донишу малакаи сатҳи баланди идоракунӣ, ташкилӣ ва интегратсионӣ дар ҳалли супоришҳои гузошташуда ва иҷроиши мақсадҳо, инчунин дар ташкили ҷойҳои корӣ, баландбардории саводнокии молиявӣ ва сатҳи некуаҳволии мардум мебошад.
Миршакар соли 1986 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси «иқтисодчӣ оиди баҳисобгирии муҳосибӣ» хатм намудааст. Аз соли 2018 ба инҷониб ӯ ба сифати сармуҳосиби ФҚХ «ИМОН» кору фаъолият мекунад. Қабл аз ин ӯ дар филиали ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» дар ноҳияи Истаравшани Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои роҳбарикунандаро ишғол менамуд. Аз соли 2008 то соли 2010 ба сифати сармуҳосиб ва дар солҳои 2010-2017 бошад дар вазифаи директори филиали мазкур кор кардааст.
Миршакар дорои таҷрибаи бисёрсолаи корӣ дар низоми баҳисобгирии муҳосиботӣ ва андоз, ҳисоботдиҳии молиявӣ, аудити дохилӣ ва назорат мебошад. Ӯ дар конфронсҳову семинарҳои зиёди байналмилалӣ вобаста ба ихтисоси худ ширкат намуда, дорои дараҷаи муҳосиби байналмилалӣ аз рӯи барномаи САР мебошад. Дорои қобилияти баланди таҳлилии зеҳнӣ, қобилияти ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумотҳо буда, ҳамеша барои ноил гаштан ба натиҷаи мусбӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.