Шуъбаи ташкилоти ғайритиҷоратии «Ҳайати шафкат» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо штаб-квартира дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ш. Душанбе, кӯчаи Носирҷон Масумӣ бинои 21, ҷойгир шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шаҳодатнома таҳти №888 «A» аз 1 ноябри соли 2012 ба қайд гирифта шудааст.
Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи Миллии Занҳои Соҳибкори Тоҷикистон бо штаб-квартира дар суроғаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд, маҳаллаи 19, хонаи 7 «А»,
ҳуҷраи 3-4 ҷойгир мебошад, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шаҳодатнома таҳти №497 «B», аз 23 ноябри соли 2016 аз нав ба кайд гирифта шудааст.
Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ҳайати ибтидоии Шӯрои парасторони фонди қарзии хурдро маҷлиси умумии муассисон интихоб менамояд. Тағйироти минбаъда дар ҳайати Шӯрои парасторони ФҚХ “ИМОН” аз ҷониби худи Шӯрои парасторон анҷом дода мешавад.
Маблағҳои пулие, ки ба ФҚХ “ИМОН” аз ҷониби муассисон дода шудаанд, моликияти ФҚХ “ИМОН” мебошанд.
Муассисон ҳуқуқи молумулкиро нисбат ба ФҚХ “ИМОН” надоранд ва аз рӯи ӯҳдадориҳои ФҚХ “ИМОН” ҷавобгар намебошанд.