15 Феврал 2022

Имруз 33 сол мешавад, ки охирон сарбозони Қӯшунҳои ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон бароварда шуданд. Чи хеле, ки аз таърих ба мо маълум аст, аз санаи 25 декабри соли 1979 ҷанговарони Иттиҳоди Шӯравӣ ба хоки сарзамини Афғонистон ворид карда шуда буданд.

Сарбозону афсароне, ки дар Афғонистон адои хизмат карда буданд дар ҷамъияти муосири мо ҳамчун шахсони боэътимодтарин ва наҷибтарин шинохта шудаанд ва имрӯзҳо ҳам қарзи шаҳрвандии худро бошарафона ба ҷо оварда, дар ҳаёти давлати соҳибистиқлоли мо саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Яке аз чунин нафарон Обидов Воҳидҷон корманди ФҚХ “ИМОН” мебошад, ки тайи солҳои 1981 то 1983 дар сафи Қӯшунҳои ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ дар хоки сарзамини Афғонистон хизмат кардааст. Имруз дар Фонди қарзии хурди “ИМОН” рузи хуруҷи ҷанговарон аз Афғонистон қайд карда шуд ва аҳли кормандони ФҚХ “ИМОН” шоҳиди нақлҳои ҷолиб аз даврони хизмати Обидов Воҳидҷон дар сафи қувваҳои мусаллаҳ шуданд, ки он дар тарбияи мутахассисони ҷавон дар руҳияи ватанпарварӣ василаи бисьёр таъсирбахш мебошад. Инчунин кайд карда шуд, ки шукронаи онро бояд кард, ки имрузҳо дар Ватани маҳбуби соҳибистиқлоламон бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Ҳукумату давлат барои кору пайкори созанда фазои орому осоишта таъмин гардидааст.

Ба Обидов Воҳидҷон ва дар симои ӯ ба ҳамаи ҷанговарон-интернатсионалистҳо, ветеранҳои ҳамаи ҷангҳо ва ҷангҳои мусаллаҳ саодатмандию барори кор, саломатӣ, дар меҳнат баҳри гул-гул шукуфии Тоҷикистони азизамон муваффақиятҳо орзумандем.