23 апрели 2022

Санаи 21-уми апрели соли 2022 бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва эълон гаштани солҳои 2022-2026 "Солҳои рушди саноат" дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии "Ҳамгироии илм ва истеҳсолот баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ" баргузор гардид.

Дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни Фонди қарзии хурди "ИМОН" ва ДДХБСТ директори Фонди "ИМОН" Муяссар Пулотова дар мавзӯи "Ташкилотҳои молиявии қарзии хурд дар низоми рушди иқтисодии минтақа" бо маърузаи илмӣ баромад намуд.