26 апрели 2022

Силсилаи вохуриву тренингҳои омӯзишӣ дар доираи чорабинии умумиҷаҳонии #GlobalMoneyWeek дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд низ идома дорад.

Фонди қарзии хурди “ИМОН” барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаштани ин чорабинӣ масъулияти иҷтимоӣ бар дӯш дорад.

Вохурии навбатӣ санаи 26 апрели соли равон дар бинои Фонди “ИМОН” бо иштироки донишҷӯён ва устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) баргузор гардид.

Мавзуи асосии семинари омӯзишии мазкур ин “Саводнокии молиявии исломии ҷавонон ва омилҳои асосии муайянкунандаи маблағгузории исломӣ дар мисоли Равзанаи бонкии исломии Фонди “ИМОН” буд.

Иштирокчиён оиди принсипҳои асосии бунёди бонкдории исломӣ дар кишварҳои пешрафта, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи он ҳамчун низоми нисбатан нави бонкдорӣ ва фарқияти он аз бонкдории анъанавӣ маълумоти кофӣ пайдо намуданд. Директори Равзанаи бонкии исломӣ дар Фонди “ИМОН” Боймирзо Боймирзоев аз таърихи пайдоиши бонкдории исломӣ ва асосҳои бунёди илмии он баромад намуд ва даъват овард, ки ҷавонон дар баланд бардоштани маърифати молиявии худ пайваста кӯшиш намоянд.

Семинари мазкурро Раиси Шӯрои парасторони Фонди “ИМОН” Санавбар Шарипова ҳусни хоса бахшиданд ва ба иштирокчиён аз таърихи пайдоиши чорабинии маърифатии #GlobalMoneyWeek ва зарурияти омӯзиши фанни иқтисодиёт дар муассисаҳои таълимӣ, ҳамбастагии пул бо фаъолияти ҳаррӯза, истифода аз имкониятҳои мавҷудбуда барои ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати молиявии онҳо маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар анҷоми вохурӣ роҳбарияти Фонди “ИМОН” дар шахсияти директори он Муяссар Пулотова ба донишчуён, садорати факултаи молияи ДДҲБСТ ва маъмурияти донишгоҳи мазкур барои иштирок дар семинари мазкур ва ҳамкориҳои самарабахш изҳори миннатдорӣ баён намуданд.