30 январи 2023 сол дар саридораи ФҚХ “ИМОН” ҷаласаи солонаи Фонд оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2022 гузаронида шуд.

Дар рафти маҷлис рӯнамои ҳисоботи солонаи ФҚХ “ИМОН” ва Равзанаи бонкии исломӣ оиди натиҷаи фаъолияти амалиётиву молиявӣ дар соли 2022 гуфта шуд.

Директори фонд Пӯлотова М.Т. оид ба вазифагузориҳои Бонки миллии Тоҷикистон барои соли 2023 суханронӣ намуда, дар бораи нақшаву ҳадафҳо барои соли 2023 шарҳи мухтасар дод.

Дар ҷаласаи махкур кормандони тамоми MXMХ ва саридора ширкат варзиданд ва дар охир кормандони фаъол бо сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.