Дар маркази вилояти Хатлон маркази нави хизматрасонии Фонди "ИМОН" ба фаъолият шурӯъ намуд.

Санаи 22 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар маросими кушодашавии Маркази хизматрасонии Фонди Қарзии хурди “ИМОН” баргузор гардид.

Боиси хушбахтӣ ва сарфарозист, ки дар арафаи таҷлили 32-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии ҶТ имрӯз боз як маркази хизматрасонии Фонди "ИМОН" дар ш. Бохтари Хатлонзамин ба фаъолият шурӯъ мекунад. Бояд қайд кард, ки роҳбарияти ФҚХ “ИМОН” аз замони таъсисёбӣ то имрӯз пайваста ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии сиёсати иқтисодии мамлакат, рушди сармоягузорию соҳибкорӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Таъсиси намояндагии ФҚХ “ИМОН” дар ш. Бохтар бевосита бо дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон ва шарикони рушд дар доираи Лоиҳа оид ба “Кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон”, ки бо ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” амалӣ гардиl, татбиқ карда мешавад.

Лоиҳа имконият медиҳад, ки соҳибкорон ва деҳқонони минтақа тариқи иҷораи молиявӣ гармхонаҳои инноватсионӣ ва таҷҳизотҳои кишоварзиро самаранок истифода баранд. Мақсади асосии ин лоиҳа баланд бардоштани саводнокии молиявӣ ва даромаднокии соҳибкорон ва деҳқонон мебошад.

Инчунин бо истифода аз онлайн-хизматрасониҳо ва таҷҳизотҳои кишоварзӣ, гармхонаҳо тариқи лизинги молиявӣ шаҳрвандон метавонанд бо сарфаи вақт барои гирифтани маблағҳои зарурӣ дархост гузошта, дар кӯтоҳтарин фурсат қарзҳои хурдро ба даст оранд. Онлайн- хизматрасонӣ аз ФҚХ “ИМОН” на танҳо барои сокинони шаҳри Бохтар балки барои тамоми истиқоматкунандагони в.Хатлон дастрас мебошад.

Илова бар ин, бояд қайд кард, ки дар Фонди Қарзии Хурди "ИМОН" Равзанаи бонкдории исломӣ низ фаъолият мебарад ва ба аҳолии кишвар намудҳои гуногуни маблағгузориро аз рӯи шариат пешниҳод менамояд.