Санаи 4 сентябри соли 2023 ба муносибати​ 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолони вилояти Суғд барои хизматҳои шоиста ва дастовардҳои меҳнатӣ дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонда шуданд. Боиси ифтихор аст, ки ба Раиси Раёсати Фонди қарзии хурди "ИМОН" мӯҳтарама Пӯлотова Муяссар Тоҷибоевна барои саҳми арзанда дар пешбурди соҳаи иқтисодиёт, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ба муносибати 32-солагиии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ИФТИХОРНОМА сарфароз гардонида шуд, ки коллективи Фонд бо чунин дастовард мухтарама Муяссар Тоҷибоевнаро муборакбод мегӯяд!