Санаи 23 ноябри соли 2023 ФҚХ “ИМОН” дар Фестивали “Саводнокии молиявӣ” дар ш.Бохтар ширкат варзида, вобаста ба рушди рақамикунонии молиявӣ корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ гузаронида, дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа аз он ҷумла ҷавонон ва занон варақаҳои иттилоотӣ паҳн намуд. Дар Фестивал мутахассисон дар барои баланд бардоштани маърифати молиявӣ, огоҳӣ дар бораи маҳсулотҳои молиявӣ ва афзалиятҳои пардохтҳои ғайринақдӣ баромад карданд.