Бо мақсади тақвият бахшидани ҳисси миллӣ ва ватандӯстии кормандон, ки аз вазифагузориҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Миллии Тоҷикистон санаи 19 январи соли ҷорӣ дар ФҚХ “ИМОН” бо иштироки кормандон семинарҳои омӯзишӣ дар мавзуъҳои “Осори таълифнамудаи шоира - Розияи Озод ва академик Бобоҷон Ғафуров, аз ҷумла китоби “Тоҷикон”” баргузор карда шуданд.

Зимни баргузории семинар, оид ба ҳаёт ва фаъолияти Розияи Озод, академик Бобоҷон Ғафуров ва осорҳои таълифнамуда муҳокима гардиданд.

Дар маҷмӯъ, баргузории чунин семинарҳо барои баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ватандӯстии кормандон таккон бахшида, масъулияти онҳоро нисбати таърихи халқи тоҷик, арзишҳои илмӣ, фарҳангӣ, мавзеъҳои таърихиро пурзӯр менамояд.

Кулли кормандони ФҚХ “ИМОН” арзу сипоси худро ба Тоҳиров Усмонҷон – рӯзноманигор, аъзои конфидератсияи байналмиллалии журналистон, аълочии фарҳанг барои гузаронидани семинари омӯзишӣ мерасанад.