Яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллат либоси миллии ӯст ва зан-модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат ва ёдгоре аз гузаштагони мо маҳсуб меёбад.
Арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан, либоси зебои миллӣ, атласу адрасу чакан, баланд бардоштани фарҳангу маданияти либоспушӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ рисолати аслии мо мебошад.
Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аксияи “Тоҷикона мепушем” дар тамоми гӯшаву канори кишвар ҷараён дорад, ва бонувон - кормандони Фонди “ИМОН” низ аз ин ибтикор бо хушнудӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ истиқбол намуданд.