1 феврали соли 2025 Фонди ИМОН маҷлиси солонаи худро бо иштироки роҳбарият ва ҳайати кормандон баргузор намуд. Ин ҷаласаи муҳим ба ҷамъбасти дастовардҳои соли 2024 ва муайянсозии стратегияҳои нав барои рушди минбаъда бахшида шуд.
Соли гузашта барои Фонди ИМОН як давраи таърихӣ ва пурмаҳсул буд. Дар маркази шаҳри Душанбе маркази нави хизматрасонӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки сатҳи хизматрасонӣ ба мизоҷонро ба марҳилаи сифатан нав мебардорад. Ҳамзамон, Фонд 25-солагии таъсисёбии худро таҷлил намуд — як дастоварди муҳим, ки устуворӣ ва эътимоди мардумро ба фаъолияти он инъикос мекунад.
Дар маҷлис натиҷаҳои молиявӣ ва татбиқи стратегияи рушд барои соли 2024 мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Қайд гардид, ки Фонд тавонист ба ҳамаи ҳадафҳои пешбинишуда ноил гардад.
Фонди ИМОН соли 2025-ро ҳамчун соли таҳкими рақамикунонӣ, васеъ намудани фарогирии молиявӣ ва дастгирии занони соҳибкор муайян кардааст. Дар ин замина, Фонд ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти рушди малакаҳои рақамӣ, фарогирии молиявӣ ва дастгирии соҳибкорӣ ҷонибдорӣ намуда, барои татбиқи самараноки онҳо талош хоҳад кард ва саҳми босазои худро дар татбиқи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ барои солҳои 2022-2026 хоҳад гузошт.
Дар ҷамъомад саҳми кормандоне, ки бо талоши худ дар рушди Фонд нақши калидӣ бозидаанд, бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.