изображение в центре параграфа

Ҷиҳати баланд бардоштани саводнокии молиявӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо шакли мунтазам дар атрофу навоҳии кишвар фаъолияту чорабиниҳо баргузор карда мешавад.

изображение в центре параграфа

Дар робита ба ин санаи 31.01.2025 бо ташаббуси Бонки миллӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар қасри Фарҳанги ноҳия фестивали “Саводнокии молиявӣ” баргузор гардид. Чун ҳамеша коргарони Фонд ва Равзанаи бонкии исломии Фонд дар ин чорабинӣ фаъолона иштирок намуда, маҳсулоти бонкӣ ва маблағгузории хешро пешкаши иштирокчиёни фестивал гардониданд.

Дар қисмати дуввуми фестивал муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов баромад намуда, оид ба зарурияти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ суханронӣ намуд.

изображение в центре параграфа

Дар идомаи ҳамоиш Мудири Кафедраи Молия ва Қарзи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои иқтисод Тухтаев Тухтабой Муқимович дар бораи Пул ва нақши он дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа, маърӯзаи пӯрмуҳтавое намуд. Сипас бар асоси ин маърӯза миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт ва нафароне, ки ба саволҳо ҷавобҳои мушаххас доданд сазовори тӯҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.

Дар бахши ҷамъбастии чорабинӣ барои ҳозирин барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.