изображение в центре параграфа

🚀Дар асоси Стратегияи рушди фаъолият ва рақамикунонӣ барои пешрафти иқтисодиёт, дар шаҳри Конибодом тренинг дар доираи лоиҳаи «She Leads Digital» баргузор гардид. Дар ин тренинг бонувони ташаббускор ва соҳибкорони фаъол аз Конибодом ва Исфара гирд омаданд, то дониши худро дар соҳаи технологияҳои рақамӣ, маркетинг ва пешбурди тиҷорати онлайн такмил диҳанд.

изображение в центре параграфа

🌐“Имрӯз рақамикунонӣ ва истифодаи технологияҳои муосир на танҳо як тамоюли ҷаҳонӣ, балки омили асосии пешрафти соҳибкорӣ ва рушди иқтисодӣ мебошад.

📌Тавре ки Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, мутобиқшавӣ ба иқтисоди рақамӣ калиди муваффақияти ҳар як соҳибкор аст. ФҚХ ИМОН бо чунин ташаббусҳо кӯшиш менамояд, ки ба рушди соҳибкории занон ва густариши имкониятҳои онҳо дар бозори рақамӣ мусоидат намояд.”

изображение в центре параграфа

📈Чунин иқдомҳо ба занони соҳибкор имкон медиҳанд, ки бо технологияҳои навин шинос шуда, дар шароити рақамикунонии ҷаҳонӣ фаъолона рушд кунанд ва тиҷорати худро ба сатҳи нав бароранд.

🤝ФКХ "ИМОН" бо самимият ва қадрдонӣ миннатдории худро ба Ассотсиатсияи миллии занхои сохибкори Точикистон барои ҳамкории бисёрсола, эътимоди устувор ва саҳми арзанда дар рушд изҳор менамояд. Мо умедворем, ки ин муносибатҳои пурсамар минбаъд низ бо дастовардҳои нав ва комёбиҳои муштарак идома хоҳанд ёфт!