Ҳамдиёрони азиз! 🌸 Наврӯзи оламафрӯз, ки рамзи навсозӣ, муҳаббат ва файзу баракат аст, ҳамаи шуморо табрик мегӯем! Ин ҷашни зебои баҳорӣ моро ба худшиносӣ, дӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллиамон даъват мекунад.
💛Либоси миллӣ – ин на танҳо як ҷузъи зоҳирӣ, балки як порчаи таърихи мо, рамзи ҳувияти миллии мост. Он ифтихори ҳар як тоҷик буда, гармиву меҳрубонии гузаштагони моро дар худ таҷассум мекунад.
🍀 Бигзор ин Наврӯз ба ҳар хонадон шодӣ, файз ва рӯзгори пурнур биёрад! Дилҳо пур аз меҳру муҳаббат, корҳо пур аз баракат ва зиндагӣ саршор аз осоиш бошад!
Бо эҳтиром, ФКХ ИМОН