🎉 Бо мақсади баланд бардоштани саводнокии молиявии ҷавонон ва дар доираи ҳафтаи байналмилалии Global Money Week 2025, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 ба номи Чаббор Расулови ш.Хуҷанд тренинги омӯзишӣ барои хонандагон баргузор гардид.
👨🏫 Дар ҷараёни чорабинӣ, иштирокчиён бо мавзӯъҳои муҳими молиявӣ шинос шуданд, аз ҷумла:
💵 Банақшагирии буҷа;
📦 Аҳамияти пасандоз;
🔐 Амнияти молиявӣ ва хатарҳои молии муосир;
📊 Истифодаи самараноки воситаҳои молиявӣ.
🙌 Дар фарҷоми тренинг, ба роҳбарияти муассиса барои ҳамкорӣ ва дастгирии ҳамаҷониба изҳори сипос баён карда шуд. Ҳамчунин, хонандагони фаъол бо туҳфаҳо ва сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
🎓 Тренинги мазкур баҳри рушди ҷаҳонбинии молиявии насли наврас ва омодасозии онҳо ба зиндагии мустақилона нақши муҳимеро иҷро намуд.