изображение в центре параграфа

📆Имрӯз дар МТМУ №5 ба номи Ҷураева Робия, воқеъ дар маркази шаҳри Конибодом, тренинг оид ба саводнокии молиявӣ баргузор шуд. Чорабинӣ дар доираи ҳафтаи ҷаҳонии Global Money Week роҳандозӣ гардид, ки ҳадафи он баланд бардоштани маърифати молиявии наврасон ва ҷавонон мебошад.

изображение в центре параграфа

📌 Иштирокчиён дар бораи таърихи пайдоиши пул, марҳилаҳои рушду тағйироти он ва аҳамияти муносибати дуруст бо маблағ маълумоти муфид гирифтанд. Қисмати ҷолиби тренинг — бозии интерактивии омӯзишӣ буд, ки хонандагонро ҳавасманд карда, дониши онҳоро боз ҳам мустаҳкам намуд.

изображение в центре параграфа

Изҳори сипос ба роҳбарияти МТМУ №5 ба номи Ҷураева Робия барои дастгирии ҳамаҷониба ва шароити мусоиди баргузории тренинг!

✨ Global Money Week — на танҳо омӯзиш, балки як зинаи муҳим дар самти ташаккули тафаккури молиявии солим аст.