изображение в центре параграфа

📆 12 майи соли 2025, дар маросими ботантана, ки бо мақсади ҷамъбаст намудани натиҷаҳои "Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии бонувони соҳибкор", аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид, ки Фонди “ИМОН” бо Ифтихорнома қадрдонӣ шуд🎉🎉🎉

✅ Ин ҷоиза барои саҳми назаррас дар рушди соҳибкории бонувон ва беҳтарсозии дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои молиявӣ дар саросари кишвар супорида шуд.

изображение в центре параграфа

Фаъолияти Фонди “ИМОН” на танҳо маблаггузори — ин сарнавишти ҳазорҳо занест, ки имкон пайдо кардаанд орзуҳои худро амалӣ созанд, соҳибкории шахсиро роҳандозӣ намоянд ва дар ҷомеа нақши фаъол бибозанд. Мо бо ҳар як қадами онҳо ифтихор мекунем.

✅ Ин дастоварди муҳим натиҷаи меҳнати софдилона, масъулиятшиносӣ ва садоқати ҳар як узви дастаи фонди “ИМОН” мебошад.

Маълумоти муфассал 👉: https://www.facebook.com/share/v/196XTpXG26/