🎓 Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии фарогирии молиявии ҶТ барои солҳои 2022-2026, дар шаҳри Конибодом тренинги омӯзишӣ оид ба саводнокии молиявӣ бо иштироки кормандони Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон ва сокинони ҷамоати деҳоти Пулотон баргузор гардид.
🔹 Ҳадафи асосии тренинг — баланд бардоштани донишу малакаҳои амалии шаҳрвандон ва истифодаи оқилонаи маблағ мебошад.
📌 Дар ҷараёни омӯзиш иштирокчиён бо мавзӯъҳои зерин шинос шуданд:
🗣 Тренинг бо усулҳои муосири интерактивӣ гузаронида шуда, иштирокчиён имкони мубодилаи таҷриба, саволу ҷавоб ва машқҳои амалиро пайдо карданд.
💬 Иштирокчиён аз чунин чорабинии муфид изҳори қаноатмандӣ карданд ва қайд намуданд, ки донишҳои гирифташуда ба онҳо дар зиндагии ҳаррӯза ва идоракунии маблағҳо кӯмак хоҳад кард.
🤝 Ин иқдом қадами муҳиме дар роҳи тақвияти сатҳи фаҳмиш ва масъулияти молиявии аҳолӣ ба шумор меравад.