Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ ва омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақили молиявӣ, барои донишҷӯёни ДДҲБСТ тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи «Саводнокии молиявӣ ва асосҳои пардохтҳои ғайринақдӣ» баргузор гардид.

Дар рафти тренинг иштирокчиён бо мавзӯъҳои муҳим шинос шуданд:

  • тартиб додани буҷети шахсӣ;
  • унсурҳои ҳифзи пули қоғазӣ;
  • идоракунии даромад ва хароҷот;
  • аҳамияти пасандоз;
  • роҳҳои пешгирӣ аз қарзҳои нолозим;
  • банақшагирии ҳадафҳои молиявӣ;
  • ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии пулҳои ғайринақдӣ.

Машқҳои амалӣ ва муҳокимаҳои гурӯҳӣ ба донишҷӯён имконият доданд, ки донишҳои назариявиро дар амал истифода баранд ва малакаҳои идоракунии маблағро рушд диҳанд.

Ҳадафи асосии чорабинӣ — ташаккули тафаккури молиявии дуруст, баланд бардоштани масъулиятнокӣ дар истифодаи маблағ ва омода сохтани ҷавонон ба қабули қарорҳои оқилонаи иқтисодӣ мебошад.

Мо бовар дорем, ки ҷавонони дорои саводнокии молиявӣ метавонанд ояндаи устувор ва муваффақ бунёд намоянд.