Дар доираи Global Money Week ФҚХ «ИМОН» дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон тренинги пурмазмун бо иштироки донишҷӯёни Донишкадаи Байналмилалии Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он тақрибан 50 нафар ширкат варзиданд. 📊🎓

Дар доираи чорабинӣ мутахассиси департаменти ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони шӯъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон Атаев Абдулфайз бо донишҷӯён дар мавзуи «Қаллобӣ дар интернет ва роҳҳои пешгирии он» суҳбати муфид анҷом дод. 🌐🔐 Ӯ намудҳои маъмултарини қаллобии интернетиро, аз ҷумла фишинг ва вишинг, шарҳ дода, ҳамзамон дар бораи қаллобӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот пешниҳод намуд. Таъкид гардид, ки ҳаргиз маълумоти шахсӣ ё маълумоти корти бонкиро ба дигарон пешниҳод кардан мумкин нест ва ҳамеша бояд қоидаҳои амнияти рақамӣ риоя шаванд. ⚠️💳

Ҳамчунин тренери варзида, директори Junior Achievement Tajikistan Хушбахт Каримов дар бораи саводнокии молиявӣ маълумот дода, бо донишҷӯён бозии интерактивӣ баргузор намуд. 🧠💡 Ин фаъолият ба иштирокчиён имкон дод, ки донишҳои худро таҳким бахшида, малакаи қабули қарорҳои дурустро рушд диҳанд.

Чорабинӣ бо иштироки фаъолонаи донишҷӯён ҷамъбаст гардида, барои баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва рақамии онҳо заминаи мусоид фароҳам овард. 🙌

Ба роҳбарияти Донишкадаи Байналмилалии Хуҷанд барои ҳамкорӣ изҳори сипос менамоем. 🤝