Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43-и деҳаи Даштикон (ноҳияи Деваштич) тренинги омӯзишӣ барои духтарон ва занони синни аз 18 то 50 сола бомуваффақият баргузор гардид 🌿 Дар он намояндагони оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва инчунин занони фаъоли ҷомеа иштирок намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокчиён бо фаъолияти Фонд ва маҳсулоти қарзӣ шинос шуда, дар бораи имкониятҳои дастгирӣ ва рушд маълумот гирифтанд ва бо барномаи Онлайн-бизнес акселератсия низ ошно гардиданд.

Ҳамчунин, ба баланд бардоштани савияи саводнокии молиявӣ диққати махсус дода шуд. Дар доираи вохӯрӣ, тренери ботаҷриба Каримов Хушбахт дар мавзӯи «буҷети оила» баромад намуда, иштирокчиёнро бо принсипҳои идоракунии маблағҳои оила, банақшагирии буҷет ва истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ шинос намуд 💡


Ин чорабинӣ ба мубодилаи таҷриба, таҳкими дониш ва васеъ намудани имкониятҳои занон дар ҷомеа мусоидат намуд 🤝