29.05.2021

Аз он вақте, ки Фонди қарзии хурди (ФҚХ) “ИМОН” тавассути Равзанаи бонкии Исломии худ маблағгузории исломиро оғоз намуд, як сол сипарӣ гашт. Пас аз гирифтани иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2020, Равзанаи бонкии Исломии Фонди «ИМОН» маҳсӯлоти аввалини худ – Муробаҳаро ҷорӣ намуд.

Муробаҳа – ин аҳдест, ки дар он ташкилот бо дархости мизоҷ молро харидорӣ менамояд, ва ба он изофапулии худро ҳамроҳ намуда, онро ба мизоҷ бо шартҳои пардохти арзиши мол дар мӯҳлатҳои баъдӣ, давра ба давра мефӯрушад. Муробаҳа дар ҳолате истифода мегардад, ки ба мизоҷ таҳвили фаврии мол зарур аст, аммо у воситаҳои заруриро барои харидорӣ намудани мол надорад.

Маблағгузории исломӣ – ин падидаи нав дар бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аҳолӣ, соҳибкорон ва ширкатҳо аллакай маҳсӯлоти моро истифода мекунанд. Новобаста аз ҷой доштани мушкилоти муайян, хусусан мушкилиҳои алоқаманд бо истифода намудани қонунгузории граҷданӣ ва андоз, мо ба натиҷаҳои муайян ноил гаштем. Дар ин давра Равзанаи Исломии Фонди «ИМОН» зиёда аз 150 шахсро ба маблағи умумии қариб 2 миллион сомонӣ маблағгузорӣ намуд. Маҳсӯлоти Муробаҳа – маҳсӯлоти ҳамаҷониба буда, ҳам маблағгузории молҳои истеъмолӣ, ва ҳам воситаҳои истеҳсолот, ашёи хом ва маводҳо барои соҳибкоронро дарбар мегирад.

Ҳамагӣ чанд сол пештар маблағгузории исломӣ дар мамлакати мо ба назари бисёриҳо дур аз ҳаёти воқеӣ буд. Аммо солҳои охир, таваҷҷӯҳ нисбати маҳсӯлотҳои молиявии исломӣ дар тамоми дунё афзуда истодааст, ва равзанаҳои исломӣ дар муассисаҳои маъмулии қарзӣ кушода шуда истодаанд. Алҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як бонки исломӣ ва ду равзанаи бонкии исломӣ фаъолият намуда истодааст.

Дар баробари ин, ҷорисозии маблағгузории исломӣ аз тарафи бисёриҳо як қатор масъалаҳо ва нобовариро ба миён овардааст. Аз тарафи шахси оддӣ, маблағгузории исломӣ бештар ҳамчун хайрия ё кумаки моддӣ дарк карда мешавад. Мутаносибан, вазифаи муҳими муассисаҳои молиявии исломӣ, ин иттилоъ додан ба аҳолӣ ва соҳибкорон оиди принсипҳо ва асосҳои чунин маблағгузорӣ мебошад.

Гирифтани фоида бо роҳи пешниҳод намудани қарз ва барои ин гирифтани фоизро Шариати ислом манъ намудааст, савдо ва сармоягузорӣ бошад намудҳои пазируфташудаи тиҷорат ба шӯмор мераванд. Яке аз принсипҳои асосии маблағгӯзории исломӣ, ин тақсим намудани хавфҳо ва даромадҳо байни ташкилоти молиявӣ ва гирандаи воситаҳои маблағгузорӣ – хоҳ маблағ ва хоҳ ягон мол, мебошад. Масалан, дар ҳолати маблағгузорӣ тибқи аҳди Муробаҳа, ҳамаи хавфҳои алоқаманд бо харидан, кашонидан ва дастраскунии мол ба харидор, ба зимаи ташкилоти молиявӣ (бонк) гузошта мешаванд. Бинобар ин, талабот гузошта шудааст, то ки бонк ҳуқуқи моликият ба молро харидорӣ намояд, то ки тавонад, пеш аз фурӯхтан ба харидор, онро озодона ихтиёрдорӣ карда тавонад. Дар ҳолати бонкдории анъанавӣ бошад, вазъият дигар аст: қарздеҳ ба қарздоре, ки эҳтиёҷот ба харидани моли муайянро дорад, маблағ пешниҳод намуда, новобаста аз он, ки корҳо вобаста ба харидан ва истифода намудани мол чӣ тавр ҷараён мегирад, ҳамчӯн довталаб, баргардонидани маблағҳои қарзӣ бо изофапулии (фоиз) онро талаб менамояд.

Шартҳои асосии анҷом додани амалиётҳо аз руи маблағгузории исломӣ, тибқи стандартҳои Шариат зайл ҳастанд:

1. Моли маблағгузоришаванда, хизматрасонӣ ё фаъолият бояд бо Қуръон ва Шариат иҷозат додашуда (ҷоиз) бошад. Масалан, хариду фурӯш намудани маҳсӯлоти тамокудор ё фурӯхтани нақлиёт ба корхонае, машрӯботи спиртӣ истеҳсол мекунад, манъ аст.

2. Мавҷӯд набудани номуайянӣ (Ғарар). Номуайянии шартномавӣ дар назар дошта шудааст, ки метавонад ба баҳсҳои ҷиддӣ байни тарафҳои шартнома оварда расонад. Масалан, дар шартномаи Муробаҳа ҳатман маълумоти зайл қайд карда мешавад: тавсифи дақиқи мол, нархи хариди мол, хароҷотҳои алоқаманд бо харидани он, маблағи изофапулии фурӯшанда (бонк) ва нархи фурӯши мол. Тибқи шартномаи Муробаҳа харидор арзиши аслии мол ва чӣ қадар даромад гирифтани фурӯшанда (бонк) аз ин аҳдро дарк мекунад.

3. Ҷой надоштани ҳаннотӣ (Майсир). Муносибатҳое роҳ дода намешавад, ки дар натиҷаи он як тарафи аҳд метавонад моликияти худро ба фоидаи тарафи дигар аз даст диҳад ё аз ҳисоби тарафи дигар моликиятро ба даст орад. Бинобар ин, дар шартномаҳои сармоягузорӣ (Музораба, Мушорака) пешакӣ муайян намудани маблағи фоидае, ки сармоягузор (бонк) ба даст меорад манъ аст, чунки фоида ба натиҷаи молиявии тиҷорат алоқаманд мебошад.

Ба ин васила, маблағгузории исломӣ афзалиятҳои назаррас дорад, ва дар баробари ин, иҷро намудани принсипҳо ва шартҳои маблағгузории исломӣ бо назардошти талаботҳои қонунгузории ватанӣ мушкилиҳои муайян дорад. Консепсияи маблағгузории исломӣ ду мафҳуми муҳим – ростқавлӣ ва адолатро таъкид мекунад, ки бе онҳо ҳамагуна аҳд метавонад беэътибор эътироф карда шавад.