07.05.2021
Кормандони ФҚХ «ИМОН» бо мақсади ба ҳайати худ ҷалб намудани донишҷуёни ҷавон ва умедбахш дар ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ширкат намуданд. Ярмаркаи мазкур аз тарафи Донишгоҳи ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии меҳнат ва шӯғли аҳолии вилояти Суғд ташкил карда шуд. Фонди «ИМОН» чанд сол инҷониб бо донишгоҳи пешқадами Хуҷанд ҳамкорӣ мекунад. Донишҷуёне, ки хоҳиши ширкат дар озмӯн барои ҷойҳои кории эълоншудаи фондро доштанд, саволномаҳои моро пур карданд. Фонди «ИМОН» пеш аз ҳама ҷавононро дастгирӣ намуда, ба мутахасисоне, ки нав ба фаъолият шурӯъ мекунанд, имконият медиҳад.