30.04.2021
Дар доираи Global Money Week дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №49-и ҷамоати Ёва тренинги омузишӣ оид ба саводнокии молиявӣ доир карда шуд. Иштирокчиёни он, оиди талаботҳо ва хоҳишҳо, даромадҳои оилавӣ ва нақшаи хароҷотҳо, пешгирӣ намудани исрофкорӣ ва сарфакорона харҷ намудани маблағҳо, интиқолҳои пулӣ ва пардохти қарзҳо маълумот пайдо намуданд. Мавзӯи Global Money Week дар соли 2021 – «Худ ва маблағҳои худро ҳифз намоед» мебошад. Дар рафти тренинг мактаббачагон бозии шавқовари тиҷоратии «Тайёра»-ро баргузор карданд, ки дар рафти он онҳо ба тиҷорат ва истеҳсолот машғӯл гашта, оиди зарур будани қабули қарорҳои аз ҷиҳати молиявӣ асоснок маълумот пайдо карданд ва ба таври амалиявӣ дониши худро тақвият доданд. Зарурияти баланд бардоштани саводнокии иқтисодӣ миёни ҷавононро Бонки Миллии Тоҷикистон ба сифати афзалияти асосии сиёсати иқтисодӣ муайян намудааст.