30.04.2021

Бо ташаббуси Бонки Миллии Тоҷикистон ва дар доираи як қатор чорабиниҳои оммавӣ оиди баландбардории огоҳии ҷомеа оиди иқдоми байналмилалии Global Money Week-2021, Фонди «ИМОН» бо истиқоматкунандагони шаҳраки Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вохуриро доир намуд. Ба ширкаткунандагони вохурӣ оиди иқдоми мазкури байналмилалӣ, ки ҳар сол дар саросари дунё доир карда мешавад, маълумот дода шуд. Мақсади асосии он баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ, омӯзондани занҳо, бачагон ва ҷавонон оиди сарфакорона муносибат намудан бо маблағҳо мебошад. Он ба беҳтар намудани донишу малакаи соҳибкории шаҳрвандон ва ҳавасмандгардонии ҷалби онҳо ба бахши молиявӣ равона гаштааст.

Ба ширкаткунандагони вохурӣ, ки дар сафи онҳо ҳамчунин соҳибхоназанҳо ҳузӯр доштанд, маълумоти дақиқ оиди саводнокии молиявӣ, дуруст ба нақша гирифтани буҷаи оилавӣ, самаранок ва сарфакорона истифода намудани маблағҳо дода шуд. Намояндагони Фонди «ИМОН» маслиҳатҳои муфидро оиди чӣ тавр ноил гаштан ба озодии молиявӣ ва истифода намудани имкониятҳои мавҷуда барои ташкили буҷаи оилавӣ, масалан, чӣ тавр истифода намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ барои парвариш намудани меваю сабзавотҳоро доданд. Имрӯзҳо, бо истифода аз технологияҳои муосир, фермерҳо дар тамоми дунё дар қитъаҳои замини худ меваю сабзавотҳои гуногунро парвариш намуда истодаанд, ки ин ба онҳо имконияти баромадан ба бозор, гирифтани даромади баланд ва беҳсозии некуаҳволиашонро медиҳад. Ба ғайр аз пешниҳод намудани қарз бо шартҳои хеле муфид, Фонди «ИМОН» ба воситаи хизматрасониҳои худ ба мизоҷон дастрасӣ ба таҷҳизотҳои нав, инчунин омӯзиши ройгон ва машваратҳо оиди истифода ва банақшагирии молиявии онро медиҳад.

Ба ин вохурӣ, ФҚХ «ИМОН» яке аз фермерони пешқадами шаҳрак Лутфулло Акрамовро таклиф намуд. У бо Фонди ИМОН се сол инҷониб ҳамкорӣ карда дар замини наздиҳавлигии худ тути заминии Албионро парвариш карда, бо истифода аз технологияҳои нав даромади молиявии худро афзоиш медиҳад. У ба ширкаткунандагони вохурӣ оиди таҷрибаи худ маълумот дода, ва ба шахсоне, ки хоҳиши машғул шудан ба чунин фаъолиятро доранд, маслиҳатҳои муфид дод. Дар вохурӣ қайд гардид, ки ба озодии молиявӣ на танҳо аз ҳисоби афзоиш додани даромадҳо, балки аз ҳисоби самаранок истифода намудани онҳо ноил гаштан мумкин аст. Бинобар ин, ба ширкаткунандагони вохурӣ тавсия гардид, ки ба таврӣ доимӣ роҳҳои ноил гаштан ба озодии молиявиро, барои дуруст ба нақша гирифтани буҷети оилавӣ ва баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволӣ омӯзанд. Барои ноил гаштан ба ин мақсадҳо, ҳукумат ва институтҳои молиявии мамлакат, ҳамеша ба дастгирӣ намудани ҳамватанон омода ҳастанд.