Фонди Қарзии Хурди “ИМОН” мутахассисонро дар вазифаи "Коршиноси қарзӣ" Маркази хизматрасонии маблағзузории хурд дар вилояти Хатлон меҷӯяд.

ТАЛАБОТИ КАСБӢ:

  • маълумоти олии иқтисодӣ (дар соҳаи комплекси агросаноатӣ афзалият дода мешавад);
  • таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкӣ на камтар аз 3 сол;
  • малакаи кор бо компютер;
  • таҷрибаи корӣ бо амалисозии лоиҳаҳо.

ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ:

  • ҷалби муштариён;
  • машварат оид ба маҳсулоти қарзӣ;
  • арзёбии ибтидоии қобилияти қарзии қарзгирандагон;
  • коркарди ҷадвали пардохт ва ғайра.

ДОНИШ ВА МАЛАКА:

  • Донистани забонҳои тоҷикӣ ба дараҷаи аъло, ба донистани забони англисӣ ва ӯзбекӣ афзалият дода мешавад;
  • Қобилияти кор дар гурӯҳ;
  • Сифатҳои хуби байнишахсӣ ва муошират;.

Рӯзи охирини пешниҳоди резюме: 10 июли соли 2023

НОМЗАДҲО метавонанд резюмеи худро ба суроғаи электронии : info@mcf-imon.tj фиристанд.
Телефон барои маълумот: +992 92-606-76-60.