Лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва эҳсонкорӣ

Лоиҳаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим ва фаъолияти эҳсонкорӣ бо Низомнома оиди эҳсонкорӣ, ки аз тарафи Шӯрои парасторони Фонд тасдиқ карда шудааст, танзим карда мешавад. Мо самтҳои зерини кори ҷамъиятӣ ва эҳсонкориро татбиқ мекунем:

Лоиҳаҳои занона

бизнес-маълумот барои занҳо ва ҷалб гардидани онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ, дарсҳои омӯзишӣ барои азхуд кардани малакаи касбӣ, баландбардории саводнокии молиявӣ ва пешсафӣ, дастгирии марказҳои буҳронии кӯмак ба қурбониёни зӯроварии оилавӣ. Васеъкунии дастрасӣ ба маблащгузорӣ бо роҳи пешниҳоди маҳсӯлотҳои қарзӣ ва хизматрасониҳо, бо назардошти эҳтиёҷоти занҳо, пешниҳоди қарзҳо барои ощозкунии тиҷорат. Мусоидат намудан ба рушди гендерӣ.

Муҳити атроф

қарзҳои хурд барои рушди технологияҳои сабз, васеъкунии дастрасӣ ба об ва тозагии муҳити зист. Ташаббус оиди муносибати щамхорона нисбати муҳити атроф ва дастгирӣ намудани мақсадҳои рушди устувор.

Саводнокии молиявӣ

семинарҳо, ҳамоишҳо, чорабиниҳои махсуси таълимӣ барои ҷавонон ва занҳо, оиди чӣ тавр муносибат намудан бо воситаҳои шахсӣ, тавонистани ҳимоя намудани ҳуқуқҳои истеъмолкунандаи хизматрасониҳои молиявӣ, дарк кардани зарурияти воситаи бехатарии молиявӣ, зарурияти рафтори оқилонаи молиявӣ.

Дастгирии хоҷагии қишлоқ

қарзҳои хурд барои ҷорисозии технологияҳои нави парвариши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ бо истифода аз гармхонаҳо, обёрии қатравӣ, механикунонии хурд.