Риояи принсипҳои ҳифзи мизоҷ

Фонди “ИМОН” 7 принсипи ҳимояи мизоҷонро, ки аз ҷониби ташкилоти “Smart Campaign” ташаббус шудааст, дастгирӣ ва риоя карда, сиёсати мустаҳкамкунӣ ва такмили онҳоро пеш мебарад. Ин принсипҳо пеш аз ҳама, ба ҳимояи мизоҷони дорои даромади сатҳи паст аз хизматрасониҳои фоиданок набудаи молиявӣ ва таъмин намудани сифати баланди хизматрасонӣ равона шудааанд.

Махфияти маълумотҳои мизоҷон

Махфияти маълумотҳои мизоҷон тибқи қонунҳо ва меъёрҳо дар доираи қонунгузории дохилӣ ҳифз карда мешавад. Маълумот метавонад, барои мақсадҳое истифода гардад, ки дар вақти ҷамъоварии онҳо қайд гаштаанд, ва тибқи қонунгузорӣ, агар бо мизоҷ созиши дигар нашуда бошад. Дизайни мувофиқи маҳсулот ва дастраскунии он. Таъминкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ӯҳдадор ҳастанд, маҳсулотҳоро коркард ва роҳҳои дастраскунии онро бе расонидани ягон хел зиён ба мизоҷон ба нақша гиранд. Хусуссиятҳо ва тавсияҳои аз тарафи мизоҷон пешниҳодгашта, бояд ҳангоми коркарди маҳсулотҳо ва банақшагирии роҳҳои дастраскунӣ ба назар гирифта шаванд.

Роҳ надодан ба қарздории аз ҳад зиёд

Таъминкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ӯҳдадор ҳастанд, ки аз болои тамоми зинаҳои ҷараёни қарзӣ барои таъмини пардохтпазирии мизоҷон ва пешгирии қарздории азҳад зиёд назорат намоянд. Илова бар ин, таъминкунандагон ӯҳдадор мешаванд, ки назорат аз болои низоми дохилиро барои пешгирӣ намудани қарздории азҳад зиёд амалӣ намоянд, инчунин тамоми кушишу ғайратро барои беҳсозии сатҳи идоракунии хавфҳои қарзӣ дар бозор (масалан, чун мубодилаи иттилооти қарзӣ) ба харҷ диҳанд.

Шаффофият

Таъминкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ маълумоти саҳеҳ, саривақтӣ ва заруриро тавре пешниҳод мекунанд, ки мизоҷон тавонанд онро дарк намуда, қарорҳои асоснок қабул намоянд. Зарурияти шаффофияти маълумот оиди нархҳо, мӯҳлатҳо ва шартҳои пешниҳоди маҳсулотҳо қайд карда мешавад.

Нархгузории бомасъулият

Нархгузорӣ, мӯҳлатҳо ва шартҳо, тавре муқарар карда мешаванд, ки онҳо ба мизоҷон дастрас бошанд ва ба ташкилоти молиявӣ имконият диҳанд, ки он устувор боқӣ монад.

Муносибати боадолатона ва боэҳтиромона бо мизоҷон

Таъминкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва агентҳои онҳо бо мизоҷони худ боадолатона рафтор мекунанд. Онҳо ба поймолшавии ҳуқуқҳои онҳо роҳ намедиҳанд. Таъминкунандагон чораҳои зарурии пешгирикунандаро барои ошкор ва бартараф кардани амалҳои коррупсионӣ меандешанд, инчунин барои роҳ надодан ба муносибати таҳқиркунанда аз тарафи кормандон ва агентҳои худ, хусусан ва дар ҷараёни додани қарзҳо ва руёнидани қарздорӣ чораҳо меандешанд.

Механизмҳои ҳалли арзу шикоятҳо

Таъминкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ дорои механизмҳои пешниҳоди саривақтӣ ва фаврии шикоятҳо аз мизоҷон мебошанд, инчунин ин механизмҳоро барои ҳал намудани проблемаҳои онҳо ва беҳсозии сифати маҳсулотҳо ва хизматрасониҳо истифода мебаранд.