Баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ - таъмини мутобиқат ба талаботҳои мизоҷон

Тибқи маълумотҳои Бонки миллии Тоҷикистон, ба пешравии умумӣ дар васеъкунии дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ нигоҳ накарда, фарқияти гендерӣ дар доштани ҳисобҳо дар солҳои охир, дар сатҳи 9% устувор гаштааст, дастрасӣ ба қарзҳо бошад - 7%. Сабабҳо мураккаб ҳастанд, бештар он бо маҳдудияти зиёди занҳо, нисбат ба мардҳо вобаста аст, ва бо меъёрҳои иҷтимоӣ тақвият дода мешаванд, ки на он қадар хуб дарк карда мешаванд ва барномаҳои дастрасии молиявӣ ба шумор намераванд.

Фонд тасмим дорад, барои боз ҳам чуқуртар дарк кардани муносибати байни меъёрҳои иҷтимоӣ ва интегратсияи молиявии занҳо тадқиқотро гузаронад ва дар баробари ин масъалаи гендериро дар ҳамаи барномаҳои худ, ки ба расонидани кумак ба шахсони камбизоат дар истифодаи имкониятҳо ва афзоиши устуворӣ нигаронида шудааст, ҳамроҳ намояд.

Ҳангоми коркарди маҳсулотҳо, Фонд масъалаи гендериро ба назар гирифта, тадқиқотҳои ба мизоҷ нигаронидашудаи маркетингиро вобаста ба занҳо мегузаронад, эҳтиёҷоти занҳоро меомӯзад ва маҳсулотҳои молиявиеро пешниҳод мекунад, ки ба эҳтиёҷоти онҳо ҷавобгӯ ҳастанд. Ҳадафи мо бартараф кардани монеаҳои доимӣ дар роҳи интегратсияи молиявии занҳо мебошад.

Фонд диққати афзалиятнокро ба васеъкунии ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва имкониятҳои занҳо ба воситаи дастрасии молиявӣ ҷалб мекунад. Дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон , Ташкилоти ҷамъиятии маркази занон "Гулрухсор", маркази тадқиқотҳо оиди рушди устувор дар ҶТ, мо омӯзиши онро, ки кадом меъёрҳои ҷамъиятӣ дастрасии занҳо ба хизматрасониҳои молиявиро маҳдуд мекунанд, ва чӣ тавр таъминкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва сиёсатмадорҳо аз болои коҳиш додани чунин маҳдудиятҳо кор мекунанд, меомӯзем. Мо инчунин оиди чӣ тавр тарҳрезӣ намудани барномаҳои дастрасии молиявӣ дар самти баробарии гендерӣ ва ифодакунандаи меъёрҳои он, ки ба занҳо дар баробари мардҳо имконияти васеъ истифода намудани технологияҳои иттилоотӣ ва роҳҳои гирифтани даромадро аз худ мекунанд, омӯзиш мегузаронем.

Ҳамаи вазифаҳои дар боло номбаргашта ба коҳиш додани фосилаи гендерӣ дар фарогирии молиявӣ ва васеъкунии имкониятҳо барои қонеъкунии эҳтиёҷоти истеъмолии занҳо дар шароити ҶТ мебошад.