Меъёри фоизӣ


маблағи ба таври фоизӣ нисбат ба маблағи қарз қайдшуда, ки онро қарзгир барои истифодаи қарз дар ҳисоб барои давраи муайян (моҳ, семоҳа, сол) пардохт менамояд.

Меъёри фоизии самаранок арзиши аслии қарзро муайян мекунад ва ғайр аз меъёри фоизии қарз, он ҳамчунин ҳамаи хароҳотҳо вобаста ба хизматрасониро (комиссия) дарбар мегирад. Бинобар ин, он метавонад аз меъёри фоизии солона фарқ намояд.

Ҷадвали пардохти қарз


ин ҳуҷҷатест, ки дар он ҳаҷми пардохтҳои ҳармоҳа, мӯҳлатҳои тавсияшавандаи пардохтҳои ҳармоҳа ва дигар маълумоте, ки ба қарзгир барои саривақт баргардонидани маблағи қарз зарур аст, дарбар мегирад.

Пардохти ҳармоҳа


маблағе, ки қарзгир ӯҳдадор аст, ҳар моҳ барои пардохт намудани уҳдадории қарзӣ мувофиқи шартнома пардохт намояд. Усули ҳисоби пардохтҳои ҳармоҳа метавонад гуногун бошад, он дар созишномаи қарзӣ қайд шудааст. Пардохти қарзи хурд метавонад бо яке аз усулҳои зерин анҷом дода шавад:

  • усули пардохтҳои мураккаб, ки ҳангоми он пардохти қарз бо пардохтҳои коҳишёбанда, ки маблағҳои баробар аз руи қарзи асосӣ ва подоши барои бақияи қарзи асосӣ дар давра ҳисобшударо дарбар мегирад, анҷом дода мешавад;

  • усули пардохтҳои аннуитетӣ, ки ҳангоми он пардохти қарз бо пардохтҳои баробар тули тамоми мӯҳлати қарзи хурд, ки пардохтҳои афзоишёбанда аз руи қарзи асосӣ ва пардохтҳои коҳишёбанда аз руи маблағи подош, ки тули давра ба бақияи қарзи асосӣ ҳисоб шудааст, дарбар мегирад. ҳаҷми пардохтҳои аввалин ва охирин метавонад аз дигар пардохтҳо фарқ намояд;

  • усули омехта, ки ҳангоми пешниҳоди қарзи хурди дорои мӯҳлати имтиёзӣ, ҳангоми таҷдиди қарзи хурд, ҳангоми ба тартиб овардани дар ҷадвали пардохти он, яъне усуле, ки дар он ҳаҷми пардохти ҳармоҳа аз руи қарзи хурд, вобаста ба имконияти молиявии қарзгир муайян карда мешавад, истифода мегардад.

Кафолат


ин замонат барои аз тарафи шахси муайян иҷро гаштани уҳдадориҳои пулӣ ё моддӣ, шакли масъулият барои иҷро кардани уҳдадориҳои пазируфта мебошад.

Гарав


амволи қиматноки муайян, ки қарзгир ба қарздеҳ ба сифати кафолат барои уҳдадориҳои қарзии худ медиҳад.

Арзиши гарав (таъминот)


арзиши бозории амвол (гарав), ки қарзро таъмин мекунад. Бисёр вақт маблағи ниҳоии қарз аз он вобастаги дорад.

Бюрои қарзӣ


ин ташкилоти махсусгардонидашуда, ки ба ҷамъоварӣ ва паҳнкунии маълумот оиди тарафҳои мусбӣ ва манфии фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии ҳадаф барои гирифтани қарздошта мебошад. Маълумот оиди ҳамаи қарзҳои ба расмият даровардаи шуморо аз бюрои қарзӣ гирифтан мумкин аст (бо ризоияти шумо).

Қарзи батаъхирафтода


қарздории дар мӯҳлати муайяншуда пардохта нашуда аз руи қарзи асосӣ ва/ё фоизҳои нақшавӣ барои истифодаи қарз.

Ҷарима


маблағи муайяншуда, ки дар ҳолати ба таъхир афтодани пардохтҳо (вайрон кардани ҷадвали пардохт) пардохта мешавад.

Пардохти пеш аз мӯҳлати қарз


пеш аз мӯҳлат пардохт кардани қарз. Фоизҳо дар ин ҳолат бо санаи пардохти пеш аз мӯҳлат бозҳисобӣ карда мешаванд.

Терминали пардохтӣ


ин мошинаи электронӣ барои қабули пардохтҳо дар реҷими худхизматрасонӣ мебошад.