1. Қадами аввал барои гирифтани қарз - ин пешниҳоди ариза мебошад.


Аризаро бо тартибҳои зайл додан мумкин аст:
  • омадан ба идораи ФқХ «ИМОН» ва пур кардани шакли тасдиқшудаи ариза-саволнома. Мутахассиси қарзӣ дар тартибдиҳии он кумак мерасонад ва ҳамаи ҳуҷҷатҳоеро, ки барои гирифтани қарз зарур аст, тафтиш менамояд;

  • ба таври онлайн пур кардани ариза-саволнома ва бо воситаи сайти расмии ФҚХ "ИМОН" ва пешниҳод намудани он. ҳангоми гирифтани ризоият барои гирифтани қарзи хурд, ба идора омадан барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва расмиёти мушаххаскунӣ. Худи он руз созишномаи қарзиро имзогузорӣ намудан ва гирифтани қарзи хурд ба ҳисоби ҷории худ дар дилхоҳ ташкилоти қарзии ҶТ мумкин аст - ҳамаи ин корро дар давоми ҳамагӣ як ташриф иҷро намудан мумкин аст;

  • пур кардани ариза-саволнома барои гирифтани қарз бо воситаи чат-боти мо дар Viber ва интизор гаштани қарор оиди аризаи худ;

  • гирифтани замимаи мобилии ФқХ «ИМОН» барои гирифтани қарз, додани ариза ва ба он замима намудани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, пас аз ин қарор оиди қарзи хурд бо тезӣ бароварда мешавад.

2. Қадами дуюм – пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои таҳлили қарзӣ ва гирифтани қарзи хурд.


Номгуйи ҳуҷҷатҳоеро меорем, ки метавонад аз тарафи ташкилот вобаста ба маблағ ва намуди қарзи хурд талаб карда шавад.


Барои гирифтани қарзи хурд ба маблағи то 10 ҳазор сомонӣ барои эҳтиёҷоти истеъмолӣ ва мақсадҳои гуногун (бе гарав) ҳуҷҷатои зерин дархост карда мешаванд:
  • шиноснома ё дигар ҳуҷҷати онро ивазкунанда;

  • маълумотнома аз ҷойи кори қарзгир ва зоминҳо, ки дар он даромад ва ҳаҷми маблағҳои ҳатман уҳдадоришаванда;

  • маълумотнома аз мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ (барои нафақахурон);

  • эъломия оиди даромадҳои гирифташуда, ки аз тарафи нозироти андоз тасдиқ карда шудааст (барои соҳибкорон);

  •  иқтибос аз ҳисобҳои бонкӣ ё расид оиди интиқолҳои пулӣ (барои тасдиқ намудани интиқолғои пулӣ аз муҳоҷирони меҳнатӣ).

Барои гирифтани қарзи хурд дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, қарзи ипотекӣ ё лизинг мумкин ҳуҷҷатҳои иловагӣ, аз ҷумла:
  • ҳӯҷҷатҳое, ки шахсияти зоминҳо, гаравдеҳро тасдиқ мекунанд;

  • ҳӯҷҷатҳое, ки даромади иловагии аризадиҳанда барои гирифтани қарз ва зоминҳоро, масалан, аз шартномаҳои иҷора, фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар воридотҳо тасдиқ мекунад;

  • ҳӯҷҷатҳои гарав (шиносномаи техникии амволи ғайриманқул, таҷҳизот, нақшаи техникии сохтмон, шартнома оиди саҳм ҳангоми харидани амволи ғайриманқул аз бинои нав сохташудаистода);

  • ҳӯҷҷатҳои бақайдгирӣ барои фаъолияти соҳибкорӣ;

  • барасмиятдарории нотариалии ризоият барои гарави амволи ғайриманқул.

3. Қадами сеюм – қарори кумитаи қарзии ФқХ «ИМОН».


Ариза ва ҳӯҷҷатҳои мизоҷро ба таври онлайн ё бо воситаи мутахассиси қарзӣ қабул намуда, ташкилот ин маълумотро баррасӣ менамояд ва қарор оиди додани қарзро дар кумитаи қарзии худ қабул менамояд. Хизмати ҳуқуқӣ ва шуъбаи амалиётӣ пуркунии ҳамаи ҳуҷҷатҳоро тафтиш мекунад, маълумотҳои шиноснома ва саволномаро муқоиса мекунад. Бо ризоияти мизоҷ маълумот оиди таърихи қарзии мизоҷ аз бюрои қарзӣ дархост карда мешавад

Кумитаи қарзӣ хулосаи худро оиди пардохтпазирии шахси барои гирифтани қарз муроҷиаткарда мебарорад. Айнан аз ҳамин ҳӯҷҷат қабули қарори мусбӣ ё манфӣ оиди додани қарз, инчунин ҳаҷми маблағи пешниҳодшаванда вобастагӣ дорад.

Ба бузургии маблағи қарз пардохтпазирии мизоҷ, мавҷӯдияти ҳуҷҷатҳо, ки қобилияти қарзгирро дар таъмини баргардонидани қарз, таърихи қарзии он тасдиқ мекунад, ҳаҷми қарздорӣ барои қарзҳои пештар гирифташуда дар лаҳзаи гирифтани қарзи нав таъсир мерасонад. Таъмини баргардонидани маблағи қарз ба воситаи замонат, бевосита вобастагӣ аз пардохтпазирии зоминҳо дорад, ки онро ФқХ "ИМОН" бо ҳамон расмиёте, ки пардохтпазириро муайян мекунад, муайян месозад.

Тибқи тартиби муқарраршуда, барои додани қарз:

- аз 100 то 10 000 сомони – ҳангоми доштани таърихи мусбии қарзӣ таъминот (гарав) талаб карда намешавад;

- аз 10 000 то 50 000 сомони – ду нафар зомин лозим аст.

Барои гирифтани қарз ба маблағи зиёда аз 50 000 сомонӣ, пешниҳод намудани таъминот (гарав) барои бозгардонидани қарз дар шакли амволи ғайриманқул, таҷҳизот ё нақлиёт зарур аст.

4. Қадами чорум - имзогузории созишномаи қарзӣ ва гирифтани қарзи хурд.


Вақте, ки ҳамаи расмиётҳо гузаштаанд, мутахассиси қарзӣ ба таври онлайн, бо телефон, хаттӣ ё ҳангоми ташрифи мизоҷ ба шуъбаи ФқХ "ИМОН" уро оиди қарори кумитаи қарзӣ огоҳ менамояд. Мизоҷ ба идораи Фонд барои бастани созишномаи дахлдор меояд. Созишнома дар се нусха тартиб дода мешавад ва ҳатман замима дар шакли ҷадвали пардохти қарзро дорад.

Нусхаи созишномаро барои омӯзиш гирифтан мумкин аст, ҳӯҷҷат метавонад калон бошад ва барои шиносоӣ вақтро талаб кунад. Дар амалия барои қарзҳои хурд шак.лҳои намунавии созишномаҳоро истифода менамоянд (онҳо ба замимаи мобилӣ ворид карда шудаанд ва бо онҳо пешакӣ шинос шудан мумкин аст).

5. Қадами панҷум – гирифтани қарзи хурл ва пардохти минбаъдаи он.


ФҚХ "ИМОН" аз соли 2017 инҷониб танҳо бо пардохтҳои ғайринақдӣ кор мекунад. Ин маънои онро дорад, ки додани қарз ва пардохти минбаъдаи он бе истифода аз маблағҳои нақдӣ анҷом дода мешавад. Зарур аст, ки мизоҷ пешакӣ барои гирифтани маблағи қарз дар дилхоҳ ташкилоти қарзии ҶТ ҳисоби ҷорӣ кушода, маълумот оиди онро ба фонди "ИМОН" пешниҳод намояд, ва пас аз ин фонд маблағи қарзи хурдро ба ҳисоби пешниҳодшуда интиқол дода мешавад.

Воситаи аз ҳама қулай ва самараноки пардохти қарз, ин интиқоли воситаҳои пулӣ ба воситаҳои терминалҳои пардохтӣ, интернет-банкинг ва замимаи мобилии бонкҳое, ки ФҚХ "ИМОН" бо онҳо созишномаи ҳамкорӣ дорад, мебошад. Инҳо, ҶСК "Бонки Эсхата", ҶСП ТАҚХ "Имон Интернешнл", БДА "Амонатбонк", ҶСП "Бонки аввалини молиявӣ" ва ғ. мебошад.

Агар мизоҷ музди меҳнати худро ба корти бонкӣ гирад, ё даромадҳо аз фаъолияти соҳибкорӣ ба суратҳисоби у ба дигар бонк ворид шаванд, пас барои пардохти қарзи ФҚХ "ИМОН" аз бонкдории мобилӣ ё хазинаи бонки хизматрасон ё ташкилоти амонати қарзии хурд (ТАҚХ) истифода намуда, воситаҳои пулиро ба ҳисоби Фонди мо интиқол додан мумкин аст.